ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1. Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ 3300,35 сомонӣ.
2. Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ 3300,35 сомонӣ.
3. Сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ — 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.
4. Сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ — 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.
5. Сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
6. Сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти томактабӣ – 2 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
9. Мутахассиси пешбари шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
10. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
12. Мутахассиси раёсати илм ва инноватсия – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
13. Мутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
14. Мутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
15. Мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
16. Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
— ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
— маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ:
– таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ:
– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:
– таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:
– таҳсилоти олии касбӣ иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти томактабӣ:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм:
– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:
– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати илм ва инноватсия:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси гуманитарӣ, техникӣ ё табиӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илм